Хуш омадед ба саҳифаи хизматрасонии “Худро бисанҷ”!

Хизматрасонии “Худро бисанҷ” ба Шумо имкон медиҳад, ки саволу масъалаҳои тестро, ки ба саволу масъалаҳои дар ИМД истифодашаванда монанданд, иҷро карда, сатҳи дониш ва омодагии худро ба имтиҳонҳо санҷед. Шумо дар реҷаи онлайн метавонед субтести алоҳида ё ҳамаи субтестҳои ҳар қисмеро – (А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ ё Б – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) иҷро кунед.
Ба Шумо комёбӣ хоҳонем!

Маркази миллии тестии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Барои истифода аз хизматрасонии “Худро бисанҷ” доштани почтаи электронӣ ё телефони мобилӣ ва рамз зарур аст. Рамз бо дархости Шумо ба таври худкор тавлид ва ба нишонии почтаи электронӣ ё рақами телефони мобилиатон фиристода мешавад. Агар Шумо ҳанӯз рамзро дарёфт накарда бошед, пас, тугмаи “Дархости рамз”-ро пахш кунед, дар акси ҳол аз тугмаи “Воридшавӣ” истифода баред!

Пас аз бехато ворид кардани маълумоти зарурӣ ва пахши тугмаи “Дархости рамз” ба нишонии почтаи электронӣ ё рақами телефони мобилии нишондодаатон мактуб бо мавзӯи “ММТ: дастрасӣ ба хизматрасонии «Худро бисанҷ»” ба таври худкор таҳия ва фиристода мешавад, ки дар он рамз барои истифода аз хизматрасонии “Худро бисанҷ” қайд карда шудааст.

Агар дар ҷузъгири мактубҳои воридшудаи почтаи электрониятон (“Inbox” ё “Входящие”) чунин мактубро пайдо накунед, пас ҷузъгири “Junk”, “Спам” ё “Нежелательные”-ро, ки дар он системаи зиддиспам мактубҳои номатлуб пиндоштаашро ҷойгир мекунад, боз карда, ба мактубҳои дохили он назар кунед.