Хуш омадед ба саҳифаи хизматрасонии “Худро бисанҷ”!

Хизматрасонии “Худро бисанҷ” ба Шумо имкон медиҳад, ки дар реҷаи онлайн аз қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос) ё субтестҳои алоҳидаи онҳо дар шакли тест имтиҳон супорида, сатҳи дониши худро арзёбӣ намуда, ҳамзамон барои супоридани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ омода шавед.
Ба Шумо дар ин самт комёбӣ ва бурдбориҳоро хоҳонем!

Маркази миллии тестии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Барои истифода бурдан аз хизматрасонии “Худро бисанҷ” доштани почтаи электронӣ ва рамз зарур аст. Рамз бо дархости Шумо ба таври худкор тартиб дода шуда ба почтаи электрониятон фиристода мешавад. Агар Шумо ҳанӯз рамз надошта бошед, пас тугмаи “Дархости рамз”-ро пахш намоед, вагарна аз тугмаи “Воридшавӣ” истифода баред!

Пас аз бехато ворид кардани маълумоти зарурӣ ва пахши тугмаи “Дархости рамз” ба почтаи электронии нишондодашуда мактуби дар мавзӯи “ММТ: дастрасӣ ба хизматрасонии “Худро бисанҷ”” ба таври худкор таҳиягардида фиристода мешавад, ки дар он рамз барои истифодабарӣ аз хизматрасонии “Худро бисанҷ” ҷой дода шудааст.

Агар дар рӯйхати мактубҳои воридотии почтаи электрониятон (масалан, дар папкаҳои “Inbox” ё “Входящие”) чунин мактубро пайдо накардед, пас рӯйхати мактубҳои аз ҷониби система ҳамчун номатлуб пиндошта (масалан, дар папкаҳои “Junk”, “Спам” ё “Нежелательные”)-ро назар кунед.